
Радиои Озодӣ
63 subscribers
About Радиои Озодӣ
Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.
Similar Channels
Swipe to see more
Posts

Оё Исроил метавонад таъсисоти ғанисозии Фордоро ҳадаф гирад? Агарчӣ гумоназаниҳо дар ин бора зиёд шудааст, коршиносон шубҳа доранд, ки ҳатто «бомбҳои нуфузкунанда»-и амрикоӣ тавонанд ба мустаҳкамтарин таъсисоти атомии Эрон бирасанд. Посухҳои гуногунро инҷо бихонед: https://smarturl.click/nVlGp

Нақли модари тоҷике, ки аз Теҳрон баргаштааст: "Мардони Теҳрон зану фарзандонашонро берун аз шаҳр равон карда истода буданд, аммо аксари мардҳо дар шаҳр истода буданд ва мегуфтанд, дар ҳолати омодабошем." Гуфтугӯи комили Радиои Озодӣ бо Гулрухсор Саттороваро инҷо бихонед: https://smarturl.click/9oe6z

Ба як хонаводаи тоҷик дар Русия ҳадя доданд ва ин ҳадяи ҳукумат ба сарашон бало овард. Чанд хонаводаи дигари тоҷик ҳам аз хонаи ҳадя гирифтаашон ҳам пушаймон шудаанд. Ҷузъиёт инҷост: https://smarturl.click/4OpBx